Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро дар Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба истифода доданд

Апрель 28, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 28.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.

Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” соли 2002 дар деҳоти Корези ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти “сементал”, 90 сар зоти “шведӣ”, 110 сар “сиёҳалои тоҷикӣ” ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ дар самти васеъ намудани имконияти истеҳсолӣ ва таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ баҳои баланд дода, меҳнаткашонро ба истифодаи ҳарчи бештари имконияти табиӣ ҳидоят намуданд.

Чорвои ширдеҳ дар хоҷагии мазкур 450 сарро ташкил менамояд ва зиёд намудани саршумори он яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти хоҷагӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст.

Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то ин ҷониб 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамзамон дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.

Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.

Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил карда шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.

Ғунҷоиши сардхонае, ки дар дохили хоҷагӣ мавҷуд аст, 40 тонна маҳсулот буда, ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал метавонад ба фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.

Ба истифода додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзоти Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара 28.04.2022

Апрель 28, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд