Раиси вилояти Хатлон аз коргоҳҳои саноатии ноҳияи Восеъ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки дар иртибот ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар маҳалҳо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ аз ноҳияи Восеъ боздид намуда, бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ шинос гардид. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Султонов бунёд гардида, мизу курсии оҳанин истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ истеҳсоли 6500 дона мизу курсӣ дар як сол буда, барои бунёди коргоҳи истеҳсолӣ соҳибкор тақрибан 90 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.
Алҳол дар ин ҷо 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва то 2500 сомонӣ маош таъминанад. Ин коргоҳ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот сохта шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, ба таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Қурбон Ҳакимзода инчунин аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва хӯроки чорво, воқеъ дар шаҳраки Ҳулбук боздид намуд. Иқтидори солонаи корхонаи мазкур истеҳсоли то 30 тонна маҳсулот буда, дар доираи Солҳои рушди саноат бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Файзуллоев дар масоҳати 0,12 гектар сохта шудааст. Қурбон Ҳакимзода изҳор намуд, ки соҳибкории хурду миёна дар пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Восеъ нақши асосӣ дошта, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи саноат имконияти фаровон дошта, дар ҳудуди ноҳия захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан намак ва маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст.
Бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат намуда, ба рушди ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд






