Раиси вилояти Хатлон барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ 628 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Апрель 11, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» имсол 628 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, барои баргузории даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва қадрдонии иштирокчиёни фаъол 246 ҳазор сомонӣ, даври вилоятии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 194 ҳазор сомонӣ ва озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои барандагони ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.  Инчунин ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Устодону волидайни иштирокчиёни озмунҳо бо ифтихорномаю мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ мегарданд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд, чун соли гузашта аз ҷониби раиси вилояти Хатлон иловатан ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда мешаванд.

Соли 2021 барои  даври вилоятии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ 412 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

 АКС аз бойгонӣ

Апрель 11, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид