Раванди татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд

Апрель 11, 2022 11:12

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи  «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025» дар маҷлиси васеи корӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Мақсади асосии барнома ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, тавассути истифодаи самараноки иқтидору захираҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.

Барнома дар умум 654 лоиҳаро дар соҳаҳои саноат,  кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва роҳ, соҳибкорӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, таъминот бо оби нӯшокӣ, хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, таъминот бо барқ, ҳолатҳои фавқулода, идоракунии раванди барнома, манзил ва сохтмон, алоқа ва фазои иттилоотӣ ба маблағи 1025,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла соли 2021 амалишавии 102 лоиҳа ба маблағи 83,39 миллион сомонӣ ва оғоз гардидани 524 лоиҳа ба маблағи 265,17 миллион сомониро дар бар мегирад.

Раиси шаҳр нисбат ба ҷой доштани камбудиҳои ҷузъӣ дар қабули қарорҳои вобаста ба барнома ва номутобиқатӣ дар баъзе аз бандҳои он, бахусус дар самти маориф, инчунин саҳланкорӣ дар таҳлили стратегияи соҳаҳои асосӣ, ки ба рушди босуръати иқтисодии шаҳр таъсири мусбат мерасонад, эрод гирифта, барои ислоҳи онҳо таклифу пешниҳоди муфид  намуд.

Бобҳои алоҳидаи барнома дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инфрасохтор, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода таҳлилу баррасӣ гардида, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ номукаммалии он дар масъалаҳои истифодаи заминҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва шаклҳои моликият, самараву даромаднокӣ, таъминоти моддию техникӣ ва ғайраҳо дар 5 соли амали Барнома рӯнамо гардид.

Инчунин ҷадвали лоиҳаҳои иҷро ва оғозгардида дар самтҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, манзил ва сохтмон, сайёҳӣ,  рушди шуғли пурмаҳсул, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, таъминот бо оби ошомиданӣ, манзилию коммуналӣ, таъминот бо барқ, нақлиёт ва роҳ, алоқа ва иттилоот, ҳифзи муҳити зист, идоракунии хатари офатҳои табиӣ, идоракунии раванди татбиқи барнома пешниҳод гардида, оид ба лоиҳаҳои иҷро нагардида дар соли 2021 ва маблағҳои азхуднашуда маълумот дода шуд. Зикр шуд, ки соли 2022 тибқи барнома 3 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 301 ҳазор сомонӣ бояд оғоз гарданд.

Бо хулосаи раиси шаҳр, соли 2021 шумораи лоиҳаҳое, ки оғоз нагардиданд, 357 адад буда, маблағи он 181,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби масъулин андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар раванди таҳияи барнома ба шитобкорӣ роҳ дода, талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо» ба таври комил риоя нагардидааст.

Қосим Роҳбар аз сатҳи пасти фаъолияти аъзои гурӯҳи корӣ, арзёбии барнома аз ҷониби масъулин дар гузаронидани мониторингҳо, пешниҳоди маълумот ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.

Дар анҷом ба гурӯҳи корӣ барои ислоҳ ва такмили барнома дар мувофиқа бо вазоратҳои марбута 6 моҳ муҳлат дода шуд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 11, 2022 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид