Роҳи бар асари тарма харобшудаи Хоруғ-Роштқалъа пурра барқарор гардид

Апрель 6, 2022 17:07

ХОРУҒ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарде, ки ду ҳафта пеш бар асари тармафароӣ дар километри 8-уми роҳи Хоруғ- Роштқалъа хароб шуда буд, пурра барқарор гардид. Тарма 100 метр роҳи мошингардро хароб ва ҷараёни оби дарёи Шоҳдараро баст. Дар натиҷа ду хонаи истиқоматӣ низ зери об монд, ки яке қисман вайрон шуда, дигаре пурра аз байн рафтааст, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Коргарони Муассисаи давлатии нигоҳдориии роҳҳои мошингарди ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз се техникаи пуриқтидори роҳсозӣ бо мақсади  қатъ нагардидани ҳаракати нақлиёт  ҳамагӣ пас аз чанд соат роҳи муваққатӣ сохта, давоми каме бештар аз як ҳафта  қитъаи роҳи вайроншударо пурра барқарор карданд.

Муҳандиси муассисаи мазкур Ҳорис Насриддинов гуфт, ки “дар тавозуни ин муассисаи роҳсозӣ 155 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ қарор дорад. Дар охири зимистони имсола баъди якбора гарм шудани ҳаво дар як рӯз дар  9 қитъаи ин роҳ тармаву сангфароиву сел ҷорӣ шуда, роҳҳоро маҳкам карданд. Роҳсозон барои сари вақт барқарор намудани ҳаракати нақлиёт реҷаи кори шабонарӯзиро ба роҳ андохта, нагузоштанд, ки ронандагону мусофирон муддати зиёд дар ҳавои сарду боронӣ интизорӣ кашанд. Аксарияти қитъаҳои роҳ давоми ҳамагӣ се-чор соат ба рӯи мошинҳои боркашу мусофирбар кушода шуданд. Дар оянда агар имконият пайдо шавад, ҳамаи ин қитъаҳои роҳ мумфарш гардонида мешаванд. Зеро чуқуриҳои зиёди роҳи мошингард ронандагону мусофиронро нороҳат мекунанд. Сарфи назар аз ин ҳоло дар ин роҳи 155-километрӣ нақлиёт ба таври муътадил дар ҳаракат аст ва ягон монеа вуҷуд надорад”.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Роштқалъа хабар доданд, ки барои соҳибони хонаҳои зери тарма монда қитъаи замин ҷудо шудааст. Бо дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ онҳо  ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ шурӯъ менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2022 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст