Русия ва Тоҷикистон масъалаи бозгашти сарҳадбононро ба марзи Афғонистон баррасӣ намекунанд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон масъалаи бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ намешавад. Дар ин бора ба ТАСС сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мусоҳибае, ки ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон бахшида шудааст, изҳори назар намуд.
«Дар айни замон масъалаи бозгашти марзбонони Русия ба сарҳади ҷумҳурӣ бо Афғонистон баррасӣ намешавад. Аммо барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои муштарак андешида мешаванд», — гуфт ӯ.
«Вазъияти кунунӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар он созмонҳои гуногуни террористии байналмилалӣ мунтазам фаъолияти худро афзоиш медиҳанд, боиси нигаронӣ нашуда наметавонад», — зикр намуд дипломат.
«Аз ин рӯ, яке аз авлавиятҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебошад. <…> Аз ҷумла, созишнома дар бораи бунёди посгоҳи марзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки бо қаламрави Афғонистон ҳамсарҳад аст, бо истифода аз маблағҳои ҷудокардаи Русия- беш аз 1 миллион доллар ба имзо расид. Ва ба зудӣ ин лоиҳа бояд ба марҳилаи амалии татбиқ гузарад», — таъкид кард сафир.
АКС: ТАСС








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






