Сафири Тоҷикистон аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Belikdüzü-и шаҳри Истанбул дидан кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаҳои истеҳсолии қитъаи Birlik дар минтақаи муташаккили саноатии Belikdüzü-и шаҳри Истанбул боздид намуда, бо роҳбарияти субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи бахши хусусӣ, ки дар он фаъолият мекунанд, мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.
Ба корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ оид ба вазъи кунунии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия, гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат, имконияти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба кишвар, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, инчунин дигар маълумоти муфид дар бораи имконияти сармоягузории Тоҷикистон манзур карда шуд.

Корхонаҳои мазкур дар навбати худ ҳавасмандии худро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.
Баъд аз нишасти мазкур боздид аз корхонаҳои истехсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ аз оҳану пластмасс баргузор гардид.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия












Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






