Сафири Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Сурия мулоқот анҷом дод

Апрель 11, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Зубайдулло Зубайдзода 7-8 апрел дар шаҳри Димишқ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Файсал ал-Миқдод ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва  ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Инчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавӣ ва табодули таҷриба баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 11, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд