Саидмурод Фаттоҳзода ва Тзи Шумин дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бениҳоят калон аст.
Саидмурод Фаттоҳзода Чинро яке аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, зикр кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳкиму густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Инчунин байни ин кишварҳо муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ба манфиати халқу миллатҳои ҳарду ҷониб мебошанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории сисолаи Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, таҷрибаи ҳамдигариро дар бахшҳои омӯзиши сиёсӣ, тарбияи кадрҳо ва ёрии фаннию техникӣ самарабахш арзёбӣ карданд.
Раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар ҳисобид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ, минтақавию байналмилалии Тоҷикистон ва Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






