Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои ҶСП «ТАЛКО Голд» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи нави ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида, боз зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Бояд таъкид намуд ки имрӯз қудрати истеҳсолии ҶСП «Талко Голд 10 фоизи бозори ҷаҳонии сурмаро ташкил дода, дар ҳолати ду маротиба зиёд намудани истеҳсолот он ба бузургтарин корхонаи истеҳсоли сурма дар дунё мегардад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






