Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҷараёни таҷдиду навсозии НБО «Норак» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҷараёни таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев дидан кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони соҳавӣ ва гурӯҳи корӣ иборат аз ҳайати намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиди НБО «Норак» дар ду марҳила ба иҷро расонида мешавад. Аз 1 январи соли 2019 корҳои таҷдид ва барқарорсозӣ дар неругоҳ оғоз гардида, аз 12 июни соли 2018 ширкати «Андритс Гидро» дар марҳилаи якум ва дуюми пакети-1 дар озмуни тендерӣ ғолиб баромад ва пудратчии асосӣ интихоб шуд.
Ширкати «Андритз Гидро» дар доираи марҳилаи 1-уми Р1 таҷдиди 3 адад гидроагрегат ва таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 адад кранҳои борбардори неругоҳ, таҷдиди эҳтиёҷоти хусусии неругоҳ, таҷдиди 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳои мусофирбар ва лифти борбардори неругоҳ, таҷдиди дарбандҳои кӯравӣ, таъмири обрасонҳои турбинавӣ, таҷдиди чоҳҳои заҳбурию заҳкаши неругоҳ ва таҷдиди системаи идораю назорат (SCADA)-ро анҷом медиҳад.


Марҳилаи 2-юми Р1 таҷдиди 6 адад гидроагрегат, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он мебошад.
Зимни боздид Сарвазири мамлакат ба пудратчиён вобаста ба анҷоми сифатноки корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кишти баҳории зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






