Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ

Апрель 22, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрванди ҳарду ҷониб, ки дар қаламрави кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудааст, дар асоси қонунгузории худ нафақа таъйин мекунанд. Яъне, агар шаҳрванди Федератсияи Русия дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом дода, бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи нафақа ба даст оварда бошад, пас Тоҷикистон вазифадор аст ба ӯ тибқи собиқаи меҳнатиаш дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъйин кунад. Инчунин Федератсияи Русия уҳдадор мебошад, ки муҳоҷирони тоҷикистониеро, ки дар кишвари мазкур фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ фаро гирифта, ба онҳо тибқи собиқаи кориашон дар ин кишвар нафақа таъйин намояд.

Ин матлабро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» дар ҷаласаи иҷлосияи  сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум, ки 13 апрели соли равон доир гардид, баён дошт.

Дилмурод Давлатзода зикр кард,  ки  лоиҳаи шартномаи мазкур  солҳои 2014-2015 таҳия гардида, ба воситаи робитаҳои дипломатӣ ба унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Солҳои тӯлонӣ байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба мувофиқа намудани ин шартнома машваратҳо гузаронида шуданд.

«Дар ин давра аз ҷониби намояндагони мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 марҳилаи машваратҳои дуҷониба муҳокимарониҳо анҷом шуда, машварати охирин 30 марти соли 2021 дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ҷараёни  он нуктаҳои баҳсталаб бартараф карда шуда, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати баргузории амалиёти дохилидавлатӣ ва ба имзо пешниҳод намудани шартнома тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Масъала чандин маротиба дар сатҳи ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ муҳокима карда шуда, оид ба зарурати ба имзо расонидани он тарафҳо қарорҳо қабул намудаанд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки шартнома моҳи сентябри соли 2021 имзо шавад», — афзуд директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Дилмурод Давлатзода дар шарҳи бештари ин мавзӯъ иброз дошт,  ки  «тибқи ин шартнома, дар муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таъминоти нафақа аз принсипи «ҳудудӣ», ки Созишномаи ИДМ  дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ  дар соҳаи таъминоти нафақа аз 13 марти соли 1992 онро пешбинӣ менамояд, ба принсипи таносубӣ («пропорциональный») гузаштан муқаррар гардидааст. Бо дарназардошти мавҷуд будани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии зодаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи онҳо дар самти таъминоти нафақа ба имзо расонидани шартнома аз ҷониби Тоҷикистон ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ мебошад».

«Тибқи муқаррароти банди 3,  моддаи 21 шартнома, баъди ба тасвиб расонидани он дар муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Созишномаи ИДМ  дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил дар соҳаи таъминоти нафақа аз 13 марти соли 1992 эътиборашро гум мекунад. Ин омил маънои онро надорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созишномаи мазкур даст мекашад, зеро дар муносибатҳо бо дигар кишварҳои ИДМ, ки аз ҷониби онҳо созишномаи соли 1992 имзо шудааст, Тоҷикистон дар ин замина ҳамкориро идома медиҳад», — тазаккур дод мавсуф.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки хароҷоти иловагӣ вобаста ба татбиқи шартнома дар доираи маб­лағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешавад. Яъне, хароҷот вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи иловагиро ба ғайр аз маблағҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, талаб наменамояд.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур вакил Абдуҳалим Ғаффорзода гуфт, «мо хеле хушҳолем, ки шартномаи деринтизор имрӯз мавриди баррасӣ қарор мегирад ва он қобили дастгирист».

Сипас мавсуф савол дод, ки дар моддаи 12-и шартнома омадааст: «Вақте шаҳрванд мефавтад, агарчи кор намекунад, ба ӯ маблағи  дафн дода мешавад. Аммо, тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин маблағ ба касе дода мешавад, ки ӯ камбизоат ба қайд гирифта шуда бошад. Яъне, 1200 сомонӣ пардохт мегардад. Агар  шахси вафоткарда фаъолияти меҳнатӣ дошта бошаду лекин камбизоат набошад, оё ба хонаводаи ӯ ин маблағ дода мешавад? Масъалаи интиқоли  майит низ такудав ва сарфи маблағи зиёд талаб мекунад. Оё дар ҷумҳурӣ муассисае нест, ки дар интиқоли  майит аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон мусоидат кунад?».

Дилмурод Давлатзода ба саволи Абдуҳалим Ғаффорзода чунин посух дод: «Вақте шаҳрванд дар куҷое, ки фавтид, ҳамон ҷумҳурӣ бояд маблағи дафнро пардохт кунад. Дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ комиссияе ҳаст, ки камбизоат будани шаҳрвандонро муайян  мекунад. Мувофиқи он, барои оилаи шахси фавтида аз буҷети муайянгардида маблағ ҷудо карда мешавад. Маб­лағи дафн барои нафақахӯрон аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад. Барои дигарон, агар аз оилаи камбизоат бошанд, аз буҷети маҳал пардохт карда  мешавад. Тартиби пардохти маблағ барои дафн мутобиқи қонуни амалкунандаи ҳамон кишвар сурат мегирад».

Вакил Равшан Раҷабзода  аз Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсид, ки «шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ карда, ба Федератсияи Русия рафтааст, собиқаи меҳнатии дар Тоҷикистон дошта­аш минбаъд ҳангоми ба нафақа баромадан дар Федератсияи Русия ба эътибор гирифта мешавад. Андози иҷтимое, ки ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдааст, бо кадом назардошт дар Федератсияи Русия ба эътибор гирифта мешавад? Оё ин раванд бо мақомоти дахлдор мувофиқа шудааст?».

«Андозаи нафақа ба он музди меҳнате, ки дар асосаш андози иҷтимоӣ пардохт мекунем, вобаста аст. Дар шартнома омадааст, ки ҳангоми муайян кардани нафақа маоши ҳамон муассисае ҳисоб карда мешавад, ки шаҳрванд дар Федератсияи Русия кор кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадаре, ки шаҳрванд андози иҷтимоӣ супурда бошад, ҳамон андоза ба ӯ нафақа муайян карда мешавад. Андози иҷтимоӣ  маблағест, ки давлат аз он истифода намебарад ва онро ба шаҳрванд дубора бармегардонад», — ҷавоб дод Дилмурод Давлатзода ба ин савол.

Дар мавзӯи мавриди назар  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода  ибрози назар карда, гуфт, ки  Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсйяи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 14 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

«Шартномаи мазкур ҷиҳати танзими ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тарафҳои аҳдкунанда ба самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нигаронида шуда, аз дебоча, 5 фасл ва 22 модда иборат мебошад. Зимнан доираи амали шартнома тибқи талаботи моддаи 3 нисбат ба шахсони суғурташудае татбиқ карда мешавад, ки онҳо шаҳрвандони яке аз тарафҳои аҳдкунанда бошанд ва таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё доранд. Инчунин муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба аъзои оилаи шахсони зикршудае, ки таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё қарор доранд, татбиқ мегардад», — шарҳ дод Сумангул Тағойзода.

Мавсуф ҳамчунин иттилоъ дод, ки  Шартнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин  Мавзуна Шамсиддинзода низ дар ин мавзӯъ ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки ба имзо расидани шартнома барои шаҳрвандони ҳарду кишвар имконияти комилан васеъе муҳайё месозад, ки дар моддаҳои 2 (доираи татбиқ), 3 ( доираи шахсон) ва 4 (ҳуқуқҳои баробар), қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 6, моддаи 5-и шартнома пешбинӣ шудаанд.

«Дар барномаҳои иҷтимоии кишварҳо барои дастгирии аҳолӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, пардохти нафақаи суғуртавӣ намуди асосии пардохт ба ҳисоб меравад. Нафақаи суғуртавӣ, тибқи қонунгузории кишварҳо, ҳар моҳ танҳо ба шаҳрвандоне пардохт карда мешавад, ки баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавии онҳо амалӣ карда шудааст. Яъне, сатҳи нафақа аз андӯхти нафақавии шахсони суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии супоридашудаи суғуртакунандагон ва ё шахсони суғурташуда ташаккул меёбад ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба ибораи дигар, андозаи нафақа аз собиқаи кории ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад,- илова кард Мавзуна Шамсиддинзода ва таъкид намуд, ки аз ин лиҳоз, пас аз тасдиқи шартномаи мазкур зарурат барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, мавқеи хоссаро ишғол хоҳад кард».

«Боварии комил дорем, ки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ки танзими давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин суғуртаи ҳатмии нафақавиро амалӣ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро байни шаҳрвандон сари вақт ба итмом мерасонанд. Ин имконият медиҳад, ки дар доираи шартномаи мазкур барои шаҳрвандон маблағҳои суғуртавии дар давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодаи маблағҳо барои таъмини кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳамоварии имконият барои аъзои оилаи онҳо оид ба гирифтани нафақаҳои суғуртавии муносиб таъмин карда шаванд, -гуфт Мавзуна Шамсиддинзода.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд