Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугичро ба ҳузур пазируфт

Апрель 27, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вук Жугичро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008, Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.

Оғоз аз соли 2000 нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА бо қарор таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтарро қабул намуд. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.

Дар чаҳорчӯби сиғаи нави ҳамкорӣ- Платформаи шарикӣ байни САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда бо нуқтаи назар барои соли 2019 ва пас аз он баргузор гардид.

Аз моҳи май то моҳи августи соли 2019 Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории САҲА раисӣ мекунад. 8 майи соли 2019 дар Вена Тоҷикистон барномаи раисии худро дар ин Форум пешниҳод намуд.

Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалияти кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи зарурӣ  қарор дорад.

Аз соли 2019 инҷониб сафир Валериу Кивер (шаҳрванди Молдова) ба ҳайси Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолият мекард.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 27, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд