«Соҳибкории экологӣ. Роҳи ҳалли мушкилоти муҳити зист»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 8, 2022 15:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар саҳифаи аввали шумораи  №65 (24 424), чоршанбе, 6 апрели соли равон таҳти унвони «Манфиатҳои миллӣ ва исломи сиёсӣ»  маводи таҳлилӣ аз АМИТ «Ховар»-ро бознашр намудааст. Инчунин таҳти  рубрикаи «Тоҷикистон» хабарҳои ҷолиб аз фаъолияти сиёсию фарҳангии мамлакат ва мавод таҳти унвони «Хатлон. Гузориш аз сафари кори Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода», «Соҳибкории экологӣ. Роҳи ҳалли мушкилоти муҳити зист», «Восеъ. Вақте соҳибкор ободкор аст…», «Душанбе. Ғамхорию дастгирии ниёзмандон аз самтҳои афзалиятнок аст», «Минтақаи Рашт. Иҷрои нақша дар рӯзи аввал» ва дигар матлабҳоро нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Соҳибкории экологӣ. Роҳи ҳалли мушкилоти муҳити зист» номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Достиев доир ба соҳибкории экологӣ ба он назар аст, ки он яке аз иқтидорҳои пурқувват ва ояндадор барои таъмини рушди устувори инкишофи экологию иқтисоди миллӣ дониста мешавад.

«Истифодаи мақсадноки натиҷаҳои фаъолияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист аз бартарияти соҳибкории экологӣ мебошад. Илова бар ин, соҳаи мазкур яке аз ҷараёнҳои устувори фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор рафта, метавонад дар пешрафти вазъи экологию иқтисодии мамлакат саҳми босазо гузорад. Ҷанбаи назариявии соҳибкории экологиро олимон бо андешаҳои гуногуни илмӣ баён намудаанд. Аз ҷумла, аз нуқтаи назари Андерсон Т. соҳибкории экологӣ фаъолияти мустақиле ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он паст гардонидани бехатарии экологӣ бо роҳи ҷамъоварӣ, коркард, безараргардони партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти корхона ва кишвар ба шумор меравад», омадаанд дар маводи мазкур.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»  рӯзи сешанбе, 5 апрел №43  (4463) таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва 30 соли Истиқлоли давлатӣ» ва «Паёми сафобахшу роҳнамо»-ро ба нашр расонидааст.

Дар маводи «Паёми сафобахшу роҳнамо» муаллиф сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода чунин нигоштааст: «…Дигар масъалае, ки Роҳбари давлат дар Паёмашон ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ислоҳоти ҷиддии он дастур доданд, соҳаи маориф ва низоми таълим дар ҳама зинаи таҳсилот буд. Зикр гардид, ки таҳким ёфтани пояҳои давлатдорӣ маҳз ба сатҳи маърифату дониши аҳолии он иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин тақозо мекунад, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон аз имконияти мавҷуда истифода бурда, низоми таълим ба шакли нав ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад».

Барно Саидвализода дар матлаби хеш бар он назар аст, ки Паём ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳуҷҷати муҳими илмӣ-таҳлилӣ, сиёсӣ ва стратегие мебошад,  ки дар муайян намудани самтҳои стратегии рушди устувори давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳими миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандон нақши калидӣ  дорад.

Инчунин дар ин шумора доир ба мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Тзи Шмин, машварати Маҷлиси намояндагон, нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавод ба нашр расидаанд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №15 (20348), 6 апрели соли равон  хабару гузоришҳоро аз ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Паёми шодбошии Сарвари давлат ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, иштирок ва суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) бахшида ба 30-солагии Ассамблея дар шаҳри Алмаато нашр кардааст.

Инчунин «Народная газета»   таҳти унвони «Таджикистан и Россия- две половинки одной души», «Военнослужащие должны проявлять ответственность при выполнении слжебных задач», «Мощь таджикской армии в современных условиях», «Современные общественные реалии и стратеги их осмысления» матолиб ба нашр расонидааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №13 (1359), чоршанбе, 6 апрел соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавод таҳти унвони «Манфиатҳои миллӣ ва исломи сиёсӣ», «Нишонаҳои шикасти ҳизби террористӣ- экстремистӣ», «Себзор» меваи нур медиҳад» ва дигар маводи ҷолибро нашр намудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«РОЗА ВОСТОКА». Маҳина Нурова аз Тоҷикистон сазовори Шоҳҷозаи ин фестивал гардид
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад