Сокинони ноҳияи Шаҳринав бо гирифтани 2-3 ҳосил дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд

Апрель 6, 2022 10:00

ШАҲРИНАВ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода давоми 10 рӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум суҳбату мулоқот доир намуда, баҳри вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, бахусус кишти зироати барвақтӣ, корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самаранокии ҳар ваҷаб заминҳои кишт, махусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бо сокинон корбарӣ менамоянд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Юсуф Акрамзода дар ҷамоати шаҳраки ба номи М. Турсунзода бо фаъолият ва иқтидори кории ҶДММ «Орди Шаҳринав» шинос шуда, масъулони корхонаро баҳри рушд ва тақвияти иқтидори кории корхона вазифадор намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 100 тонна ордро ташкил дода, имкон дорад, ки талаботи аҳолии ноҳияро бо ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал пурра қонеъ гардонад.

Мавриди зикр аст, ки нархи фурӯши  50 кг орд дар ин корхона аз 260 то 290 сомонӣ буда, нисбат ба бозор хеле арзон мебошад. Ҳамзамон намояндагон ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоат рафта, аз заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон дидан намуда, бо тарзи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода дар деҳаи Деҳқонободи  Ҷамоати деҳоти Сабоа аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон (президентӣ) ва хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи мазкур дидан карда, бо деҳқонон суҳбат доир намуда, барои истифодаи дурусту самараноки заминҳои корами кишоварзӣ  миннатдорӣ изҳор намуданд.


Сокинони ноҳия бо боварӣ иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кору пайкори зиндагии худ қарор дода, дар кори самаранок истифода намудану гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои эҳтиёҷи оилаҳои худ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 30 марти соли 2022  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 10 апрели соли равон ба  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 6, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд