Сокинони Ванҷ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузург истиқбол менамоянд

Апрель 12, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ванҷ дар майдони 24 гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар 15 гектар ҷав, 5,5 гектар лӯбиёгиҳо, 2,5 гектар картошка ва дар майдони 1 гектар кишти омехта гузаронида шуда, дар майдони 3,2 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуданд.

Гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дар робита ба дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи диёрамон зарфи 8 рӯз бо сафари корӣ қарор дошт.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби намояндагони бахши кишоварзӣ, заминсозӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим, шӯроҳои ҷамъиятӣ, калонсолон, ҳаракати ваҳдати миллӣ, иттифоқҳои касаба, зиёиён ва фаъолони ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил карда, ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои миллат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои ноҳия вохӯрию суҳбатҳои судманд анҷом дода шуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар баробари иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳи хосса ба вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти тиҷоратӣ, ободу зебо гардонидани роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон дода шуд. Инчунин гурӯҳи корӣ масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо, кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, дар ҳар оила захира намудани маводи ғизоӣ, корҳои ниҳолнишонӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ, вазъи муассисаҳои тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва  дигар масъалаҳои мубрами таъмини зиндагии шоистаи мардум, барои бартараф намудани камбудию мушкилот вазифагузориҳо барои давраи минбаъда ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, корҳои зарурӣ дар ин самт идома доранд. Тавассути ҷалби соҳибкорон то имрӯз ба ноҳия зиёда аз 6 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ворид карда шудаанд. Ба ҳолати 1 апрели соли равон дар ноҳия 5400 бех ниҳол шинонида шудааст. Дар самти татбиқи лоиҳаи насб ва васли ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ дар ноҳия беш аз 4120 дона ҳисобкунакҳои барқии электронӣ васл карда шуда, дар маҷмӯъ 99 фоизи муштариён бо ҳисобкунакҳои электронии замонавӣ таъмин гардидаанд.

Тибқи дурнамои сохтори кишти зироати кишоварзӣ, майдони кишти зироат соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1496 гектарро дар бар мегирад. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишоварзон дар асоси талаботи агротехникӣ  дар майдони 145 га кишти гандуми тирамоҳӣ гузарониданд, ки айни замон ҳолат ва сабзиши ин зироат мӯътадил мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия деҳқонон бо тухмии зироати кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии картошка ва зироати ғаллагӣ таъмин мебошанд. Дар ноҳия майдони ниҳолхонаҳо 1,5 гектар буда, зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш карда мешаванд. Маҳсулоти кишоварзони Ванҷ дар бозори дохилии ноҳия, шаҳри Хоруғ ва бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Имсол аз тарафи бахши кишоварзӣ, иттиҳодияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 3 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ ташкил гардид.

Дар ноҳия имконияти аз худ намудани 975 гектар заминҳои нав мавҷуд аст. Бо мақсади обёрӣ намудани  45 гектар замин дар мавзеи Дашти Реғҷи Ҷамоати деҳоти Ҷовидон мақомоти ноҳия бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда истодааст. Инчунин 5 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об таъсис дода шуда, дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои таъмини оби полезӣ фаъолият доранд. Инчунин аз ҷониби соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов бо истифода аз техника аз дарёчаи Ғуҷоваст ба деҳаи Вишхарвак дар масофаи зиёда аз 4 км ҷӯйи об барои зироаткорӣ оварда мешавад.

Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода, фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз сокинони ноҳияи Ванҷ даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафти минбаъдаи мамлакат, хусусан омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ба аҳолии ноҳия аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

 АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Апрель 12, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод