«Somon Air» дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳояшро дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе зиёд менамояд. Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои душанбе ва чоршанбе сурат мегиранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Парвозҳо дар рӯзҳои душанбе аз Душанбе соати 11:30, аз Алмаато ба Душанбе — соати 15:35, рӯзҳои чоршанбе аз Душанбе соати 10:00, аз Алмато — соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қазоқистон сафар мекунанд, бояд маълумотномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ (муҳлати эътибораш 3 шабонарӯз аз замони гирифтани маводи биологӣ то вуруд ба қаламрави Қазоқистон) бо забони русӣ ва ё англисӣ пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони то 5-сола пешниҳоди маълумотнома лозим нест. Барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон мусофирон бояд гувоҳномаи гирифтани ваксинаро (пурра ва ё қисман) пешниҳод намоянд. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофиронро пешниҳоди маълумотномаи ПСР-тест бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






