«Somon Air» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе — Ню-Деҳлӣ — Душанбе барқарор менамояд
ДУШАНБЕ,04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 9 апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Ню-Деҳлӣ-Душанбе оғоз менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе — соати 21:30, аз Ню-Деҳлӣ — 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Мусофирони пурра ваксинатсияшуда ҳангоми бақайдгирии чипта метавонанд танҳо сертификати ваксинатсияи пурраро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд.
Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Ню-Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд. Илова бар ин, мусофирони ба Ню-Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд.
Мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст.
АКС: АМИТ «Ховар».








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






