ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, ҷумъа, 91-умин рӯзи соли 2022 аст
1 апрели соли 2015 Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта шудааст: «Бо сипоси беандоза номаи хуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20-солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам. Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон, мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем».
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Тоҷикистон барои дастрас намудани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷии ташрифоваранда нархномаи ягона ҷорӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе масъалаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид.
***
1 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ханда.
Рӯзи байналмилалии парандагон.
РӮЙДОДҲО:
1 апрели соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» таъсис дода шуд.
***
1 апрели соли 2009 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол»-ро қабул намуд.
***
6 сол пеш, 1 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи парандагон қабул гардид.
***
58 сол муқаддам, 1 апрели соли 1964 дар Канада ба шаҳрвандон додани рақами ҳифзи иҷтимоӣ оғоз гардид.
***
1 апрели соли 1993 Қонуни ФР «Дар бораи сарҳади давлатии Федератсияи Русия» қабул гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 дар Тоҷикистон нашри тазкираи нависандагони давлатҳои узви ИДМ оғоз гардид.
***
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр шуд.