ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар» нуктаҳои ин ҳуҷҷати стратегӣ шарҳ дода шуданд

Апрель 20, 2022 17:19

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали директори Агентӣ — муовини раиси ташкилот Рухсора Нурзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Муовини раиси ташкилот Рухсора Нурзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар ҷомеа нуфузи махсусро соҳиб гардида, аз оғози таъсиси худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст».

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки муҳимтарин роҳи расидан ба ҳадафро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи илму дониш, ҷаҳонбинии илмӣ ва дар андешаи мардум бедор намудани эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва талош варзидан барои оянда мебинад. Ташкилоти ибтидоии «Эҷод» низ талош дорад ва аз тамоми имконият истифода мебарад, то барои расидан ба ормонҳои миллии ҳизб кумак расонад.


Рухсора Нурзода тазаккур дод, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои бузург, аз  ҷумла таъмини зиндагии шоистаи  мардум роҳбарият ва кормандони ҲХДТ пайваста миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа корбарӣ намуда, ҳамеша дар канори халқ ва рӯ ба рӯ бо мардум дар гуфтугӯ ҳастанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд. Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ менамояд.

«Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзанда дорад. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат дар панҷ соли оянда ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд», — гуфт Абдураҳим Шоҳиён.

Дар фарҷоми маҷлис ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2022 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд