Тоҷикистон ҳамкориро бо якчанд давлат дар соҳаҳои энергетика ва сармоягузорӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо директори генералии ширкати Engineering Dimension International Investment lc Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ҳиҷӣ мулоқоти маҷозӣ анҷом дод. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар додааст.
Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ, шарикон ва намояндагони ширкати зикршуда аз Амрико, Чин, Австралия ва Олмон иштирок доштанд.
Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсоли трансформаторҳои бузурги барқӣ, зеристгоҳҳо ва хатҳои барқӣ, бунёди неругоҳҳои нави бузурги барқӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сохтмони хатҳои баландшиддати барқ, нафту кимиё, саноати коркард ва кластерҳои бофандагӣ баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои ояндадор тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкории муштарак харитаи роҳ ва гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон









КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






