Тоҷикистон ҳамкориро бо якчанд давлат дар соҳаҳои энергетика ва сармоягузорӣ густариш медиҳад

Апрель 20, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо директори генералии ширкати Engineering Dimension International Investment lc Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ҳиҷӣ мулоқоти  маҷозӣ анҷом дод. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар додааст.

Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ, шарикон ва намояндагони ширкати зикршуда аз Амрико, Чин, Австралия ва Олмон иштирок доштанд.

Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсоли трансформаторҳои бузурги барқӣ, зеристгоҳҳо ва хатҳои барқӣ, бунёди неругоҳҳои нави бузурги барқӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сохтмони хатҳои баландшиддати барқ, нафту кимиё, саноати коркард  ва кластерҳои бофандагӣ баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои ояндадор тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкории муштарак  харитаи роҳ ва гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид