Тоҷикистон дар Женева оид ба конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 ба созмонҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд

Апрель 9, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева 7 апрел  бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нишасти мазкур бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ, дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Намояндагии доимии Подшоҳии Нидерланд дар СММ ва  бо дастгирии Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ-Об ташкил карда шудааст.

Дар чаҳорчӯби он Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов ва роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода сухан гуфтанд.

Зимни суханронии худ Ҷ. Ҳомидов зарурати ҳамкории кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ-2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе маълумот пешкаш кард.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

 

Апрель 9, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид