Тоҷикистон ва Миср ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз имкону захираҳои мавҷударо баррасӣ намуданд

Апрель 15, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар доир ба кишварҳои осиёӣ Айман Комил 13 апрел мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили миёни ду кишвар, таҳким ва густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз имкону захираҳои мавҷуда зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Мисру Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сарватҳои бойи зеризаминӣ, кони маъданҳои фоиданок, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, табиати зебо, иқлими мусоиди кишти сабзавот, парвариши меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза андешаронӣ карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки аз имконияти сармоягузорӣ дар ин самтҳо истифода баранд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва соҳаи асалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин оби баландсифати нӯшокӣ — бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна — барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба  роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Тоҷикистон, табиати нотакрори он, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имконоти соҳаи сайёҳӣ, махсусан, туризми кӯҳӣ изҳори андеша карда, таъкид  доштанд, ки қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор бо Тоҷикистон ҷалб менамоянд ва шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳарду кишвар судовар хоҳад буд.

Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 15, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд