Тоҷикистон ва Миср табодули маълумоту таҷрибаро дар соҳаи обу обёрӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири захираҳои об ва обёрии кишвари иқомат Муҳаммад Абдулотӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи обу обёрӣ, аз ҷумла табодули маълумоту таҷриба дар ин соҳа баррасӣ шуд.
Бо ишора ба зарурати омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории босамар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
Зимни суханронӣ дар анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Мисру Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сарватҳои бойи зеризаминӣ, кони маъданҳои фоиданок, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, табиати зебо, иқлими мусоиди кишти сабзавот, парвариши меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза андешаронӣ карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки аз имконияти сармоягузорӣ дар ин самтҳо истифода баранд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва соҳаи асалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин оби баландсифати нӯшокӣ — бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна — барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.
Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Тоҷикистон, табиати нотакрори он, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имконоти соҳаи сайёҳӣ, махсусан, туризми кӯҳӣ изҳори андеша карда, таъкид доштанд, ки қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор бо Тоҷикистон ҷалб менамоянд, шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳарду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид






