Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд

Апрель 26, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо раиси шаҳри Кумамотои Ҷопон Казуфуми Онишӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон ва зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ мубодилаи афкор намуданд.

Аз Казуфуми Онишӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун раиси шаҳри мизбони Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни соли 2022 дар Душанбе) иштирок намояд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати Тоҷикистон бо вакили Палатаи намояндагон, собиқ вазири адлияи Ҷопон Йоко Камикава мулоқот кард. Ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе ва ҳадафу нақши калидии он дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи обро муҳокима карданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 26, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид