Тоҷикистон ва Озарбойҷон 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд

Апрель 6, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки узви онҳо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.

Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар сиғаҳои гуногун мусоидат мекунанд.

Моҳи октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И.Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва 10 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президент И.Алиев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом дод.

Ҳангоми боздидҳо самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ, ки ба шарикии дарозмуддат нигаронида шудаанд, муайян карда шуданд.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.

Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда, бешубҳа, заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имконияти транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ кард.

Дар ҳамоҳангсозии ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои мо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки ҷаласаи чоруми он соли 2017 дар шаҳри Боку баргузор гардида буд, нақши муҳим мебозад.

30 марти соли 2021 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Раванди Истанбул — Қалби Осиё» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон тавофуқ намуданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 6, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд