Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олиро баррасӣ намуданд

Апрель 4, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Маҷмӯи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон Абдуқодир Тошқулов дар Тошканд баррасӣ гардид,  иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон масъалаҳои нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони узбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳою филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Узбекистон ва баръакс филиалҳою факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳарду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумориданд.

АКСҲО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 4, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд