Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» дар Истанбул иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 апрел бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва Сафорати Туркия дар Душанбе ҳунармандони тоҷик таҳти роҳбарии директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода дар фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.
8 апрел Сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов дар намоиши «Бунбаст»-и драманависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу, ки бо таҳияи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбон Собир дар иҷрои ҳунармандони театри давлатии ба номи А. Лоҳутӣ дар Маркази фарҳангии Туркан Сайлон, воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия рӯи саҳна омад, иштирок намуд.



Баъд аз намоиш Сафир иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи нақша, давоми соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии ду кишвар бояд баргузор гарданд. Аз фурсат истифода бурда, А. Гулов театрҳои туркиро барои ташриф овардан ба кишвар бо сафари ҷавобии ҳунарӣ даъват кард.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






