Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

Апрель 15, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел бо ташаббуси ҷониби Баҳрайн гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор Абдуллатиф бин Рашид ал-Заянӣ  баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни гуфтугӯ ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соҳаҳои мухталиф, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин дархости ҷониби Баҳрайн оид ба воридшавӣ ба ҳайси шарики муколамавӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд