Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд

Апрель 11, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад. Чунин зикр гардид зимни мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Русия, ки бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов дар вилояти Суғд қарор дорад.

Тавре котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ин ҳайат 10 апрел ба вилояти Суғд омад.

Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, ҳарду тараф хостори тақвияти ҳамкорӣ ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.


Анатолий Голтсов бо қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки вилояти Липетск ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот мавҷуд аст.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад.

Сипас, ҳайати меҳмонон дар Боғи миллии «Ваҳдат» аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карданд. Ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзиву саноат, истеҳсоли маҳсулот ва имконияти содирот ба Федератсияи Русия маълумот дода шуд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Апрель 11, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид