Вилоятҳои Тоҷикистон ва Свердловски Русия гардиши молро афзоиш медиҳанд

Апрель 7, 2022 11:11

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик интиқоли меваю сабзавоти минтақаи ҷанубӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ аз вилоятҳои Хатлону Суғди Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёна ҳаҷман афзоиш меёбад. Масъалаи мазкур зимни баргузории видеоконфронс миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия зикр гардид. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз, 6 апрел дар шакли видеоконфронс баррасии иқдомоти мушаххаси амалӣ ҷиҳати афзоиши гардиши мол ва рушди дигар шаклҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар он роҳбарону намояндагони масъули вазорату идораҳо, сохторҳову ташкилот, вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, узви Шӯрои ҷамъиятии назди  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов ва истеҳсолкунандагони муваффақи  маҳсулоти меваю сабзавоти тоҷик иштирок намуданд.

Видеоконфронсро муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов ифтитоҳ намуда, дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ  сухан гуфтанд.

Дар видеоконфронс ҷониби Русияро роҳбарони ширкатҳои калони воридотиву содиротӣ дар соҳаи меваю сабзавот, инчунин ходимони воломақоми идораҳои минтақавӣ ва федералӣ намояндагӣ карданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни видеоконфронс барандаи он директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода  тазаккур дод, ки рушд ва пешрафти  шарикии тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ниҳоди давлатӣ, ки ӯ ба он раҳбарӣ мекунад, қарор дорад.

«Мо бо намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ҳамкории зичи муфид дорем ва аз доираҳои молиявии боэътимоду шаффоф истифода мебарем. Мо аз иқтидори иқтисодии вилояти Свердловск ба хубӣ огоҳем, аз ин рӯ ба муколама дар мавриди ҳамкорӣ ва афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омодаем. Дар баробари зиёд намудани интиқоли меваю сабзавот мо ба интиқоли ҷавобии молҳои русиягӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот манфиатдорем», — гуфт Шавкат Бобозода.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова аҳамияти таҳияву татбиқи амалии тарҳҳои ҳамкориро бо таваҷҷуҳ ба густариши  ҳамкорӣ дар маҷрои равобити байниминтақавӣ махсус иброз намуд. «Вилояти Свердловск марказу минтақаи пешрафтаи саноатии  Русия, аз ҷумла аз нигоҳи истеҳсоли технологияҳои баланд мебошад. То ҳол сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ чандон баланд нест, аммо мо манфиатдорем, ки дар баробари рушди тиҷорат ҳамкориро дар самти коркарди маҳсулот, яхбандии он ва истеҳсоли масолеҳи бастабандӣ ба роҳ монем, то ба бозори дигар кишварҳо маҳсулоти муштараки рақобатпазир пешниҳод созем», — изҳори андешаву пешниҳод намуд М.Рустамова.

Ба гуфтаи сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов, ҳоло дар ҳавзаи федералии Урал барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла тавассути барасмиятдарории гумрукии моли зудвайроншаванда, инчунин созишномаҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон оид ба сабукгардонии  шароити тиҷорат ба имзо расидаанд. Иқтидори воқеии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми мавҷуда ба маротиб бештар аст. Ӯ аҳамияти эҷоди манобеи расмии дастрасро оид ба нархҳои содиротии меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти босуръати гумрукӣ нисбат ба маҳсулоти воридшаванда ба таври хосса зикр намуд.

Аз рӯйи натиҷаи видеоконфронс ҷонибҳо омодагии худро барои имзою амалисозии созишномаҳои байниминтақавӣ оид ба ҳамкории мутақобилан судманд, ташкили табодули ҳайатҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва идомаи муколамаи судманду созанда дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалии «Иннопром» ва «Бохтар» изҳор доштанд.

Соли 2021 ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон ба 50 миллион доллари амрикоӣ баробар гашта, ҳаҷми воридот 23 ҳазор долларро ташкил дод, ки  асосан аз ҳисоби интиқоли меваю сабзавот буд.

АКС: Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбурги ФР/манбаъҳои боз

Апрель 7, 2022 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт