Вилояти Суғд ба маблағи 257 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот намудааст
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли равон ба 720,5 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 150,4 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 463,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 млн доллар ё 34,3 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 257,0 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 122,4 млн доллар ё 90,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳамзамон содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 83,6 млн доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 93,5 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 159,5 млн доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,0 фоизро ташкил намуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 35 ҳазору 121 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 168 ҳазору 870 тонна семент ба маблағи 4,9 млн доллари ИМА содирот шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидаанд, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5,8 млн доллари ИМА 351 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 1 млн доллари ИМА ва 84 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 35,4 млн доллари ИМА 13 ҳазору 492 тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 174 тонна ва ба маблағи 17,2 млн доллар зиёд аст.
Ҳиссаи хушкмева дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,8 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 11 ҳазору 387 тонна хушкмева ба маблағи 6,4 млн доллар содирот шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 5 788 тоннаро ба маблағи 4,1 млн доллар ташкил намудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






