Заробиддин Қосимӣ ҳамчун Сафири ваколатдори Тоҷикистон ба Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Араб эътимоднома тақдим намуд

Апрель 11, 2022 15:40

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ ба Дабири кулли Ҷомеаи Давлатҳои Араб Аҳмад Абу-л-Ғайт ба ҳайси Сафири ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷомеа эътимоднома тақдим намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат, ки пас аз супоридани эътимоднома сурат гирифт, ду ҷониб доир ба масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷомеаи Давлатҳои Араб созмони минтақавии кишварҳои арабист, ки дар Қоҳира 22 марти соли 1945 таъсис ёфта, 22 кишвари узв дорад.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 11, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд