25 нафар занону духтарони ВМКБ ба курси «Зан – сарвар» ҷалб гардиданд

Май 8, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон таҳти унвони «Зан — сарвар» курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.

Дар курси мазкур ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки “ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст. Курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтарони то 40-сола, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд”.

Мавсуф афзуд, ки «бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд».

Ҳамоҳангсози курси мазкур Исматуллои Шерхон иттилоъ дод, ки дар ба ин курс 25 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардида, дар 3 давра таҳсил намуда, ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд. Инчунин дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи «Зан — сарвар» соҳиби диплом мегарданд, ки дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Мавриди зикр аст, ки курси омӯзиши дуалии «Зан — сарвар» барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон аз соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра 128 нафар шунаванда аз вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд.

Ҳадаф аз баргузории курсҳо- мусоидат намудан ба азхуднамоии донишҳои зарурӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Май 8, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд