35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон ба бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат ва бинои Нозироти андоз санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон ба корҳои сохтмонии бинои Нозироти андоз ва мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд. Дар ин бора корманди Худамоти маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон бо гузоштани нома ба наслҳо ба сохтмони бинои таълимӣ санги асос гузошта, зимни суҳбат иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола даҳҳо иншооти нави соҳа сохта шуда, масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад.
Бинои хуштарҳу замонавии мактаб барои хонандагони болаёқат дар як баст барои 400 нафар хонанда бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бинои нав аз 3 ошёна ва 27 синфхона, маҷлисгоҳ, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, ошхона, дегхона (барои системаи гармидиҳӣ) иборат буда, дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Гулистон буда, пудратчии он ҶДММ “Авитсена” мебошад.
Сипас Раиси вилоят ба сохтмони бинои Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон санги асос гузошт. Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони мақомоти андози шаҳр шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.
Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДДМ «Роҳи нек 2015» мебошад. Ба иттилои масъулин, бинои мазкур то охири соли равон бояд омода карда шавад.
Раиси вилоят ба масъулин ва роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотро мунтазам назорат намуда, барои коргарону сохтмончиён низ шароити хуби корӣ фароҳам оваранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






