Ҳайати Арабистони Саудӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок менамояд

Май 18, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шарҳи муфассал тақдим гардид.  Абдурраҳмон Ар-Рассӣ таъкид намуд, ки ҳайати Арабистони Саудӣ дар ин ҳамоиши байналмилалии муҳим дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байнлмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 юни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст муовини раиси кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот пешниҳод кард.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори он котиботи Конфронс таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Торнамои расмии Конфронс дар шабакаи интернет (www.dushanbewaterprocess.org) ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» (@DWaterProcess) ва «Facebook» (Dushanbe Water Process) боз гардиданд.

Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо тибқи се гурӯҳи алоҳида гурӯҳбандӣ шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ, дар маҷмӯъ 12 панел дар назар аст.

Дар доираи Конфронс 6 Форум, аз ҷумла Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Форуми об барои занон, Форуми об барои кӯдакону ҷавонон, Форуми об барои ҷамоатҳои маҳаллӣ/мардуми таҳҷоӣ, Форуми об ва кӯҳистон ба хотири рушди устувор ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ, инчунин Фестивали об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 18, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд