Ҳайати тиҷоратии Туркия ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия 19-21 май ҳайати қариб 30-нафараи тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар Душанбе бо иштироки ҳайати тиҷоратии Туркия ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии B2B доир гардида, дар он имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шаванд.
Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ менамоянд.
Ҳайати тиҷоратии Туркия инчунин аз Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаҳои «Ширкати алюминийи тоҷик», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Coca- Cola Tajikistan», «Чунтай Данғара Син Силу Текстайл», майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид менамояд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия






