Ҳайати тиҷоратии Туркия ба Душанбе меояд

Май 17, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия 19-21 май ҳайати қариб 30-нафараи тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири  саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди ба  Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар Душанбе бо иштироки ҳайати  тиҷоратии Туркия  ва доираҳои тиҷоратии   Тоҷикистон вохӯрии B2B  доир гардида, дар он имконоти сармоягузории Тоҷикистон,  Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шаванд.

Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ менамоянд.

Ҳайати тиҷоратии Туркия инчунин аз Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаҳои «Ширкати алюминийи тоҷик», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Coca- Cola Tajikistan», «Чунтай Данғара  Син Силу Текстайл», майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид менамояд.

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 17, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод