Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд

Май 10, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти унвони «Ваҳдати мусулмонон, чолишҳо ва имкониятҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон дар самти сулҳу субот дар минтақа баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар ин конфронси байналмилалӣ ширкат намуд. Дар конфронси байналмилалӣ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ иштирок намуд.

Дар конфронс намояндагони расмии ҳукуматҳои зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон иштирок ва масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон дар самти сулҳу субот дар минтақа ва пешгирӣ аз чолишҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ

Май 10, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд