Ҳайати Тоҷикистон изҳори ҳамдардии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб расонид
ДУШАНБЕ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба Президенти тозаинихоби ин давлат Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён таъзия ва таслият расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд.
«Ҳайати Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода, Раиси Маркази исломӣ ва Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Шарифӣ 16 май дар шаҳри Абу-Забӣ бо Президенти тозаинтихоби Аморот Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён мулоқот намуда, ба ӯ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти ин кишвар таъзия ва таслият расонид», — омадааст дар хабари вазорат.
Зимни мулоқот Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб минатдории бепоёни худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудааст.
Бояд гуфт, ки 13 майи соли 2022 расман барқияи изҳори таслияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Валиаҳди Абӯ-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум бинобар даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ирсол гардида буд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






