Ҷаласаи навбатии Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2023 таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2023 ба зиммаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ иттилоъ доданд.
«26 май таҳти раёсати Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷаласаи 17-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он мақоми раисии Форум дар соли 2023 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуда, баргузории онро Маркази тадқиқоти стратегӣ ба зимма дорад», — гуфтанд дар хадамоти матбуоти марказ.
Дар кори ҷаласа муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода ба ҳайси роҳбари ҳайат, роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар бахши аввали Форум Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи «Нақши СҲШ дар шароити дигаргуниҳои куллии низоми байналмилалӣ» суханронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар қатори дигар кишварҳои узв ҳамеша барои рушди ин Созмон саъй намуда, дар соли 2021 Раисии Созмонро ба уҳда дошт ва Саммити 20-умин солгарди СҲШ-ро дар сатҳи баланд ва бо муваффақият доир намуд. Доираи давлатҳо ва шароити мусоид барои ҳалли мушкилоти доғи минтақа ва ҷаҳон имкон медиҳад, ки СҲШ дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои геополитикӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ширкат варзад. Аз ин рӯ, ҳоло бисёр созмонҳои дигари байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Созмон таваҷҷуҳ доранд.

Умед Давлатов ва Бахтиёр Холиқов дар бахшҳои дуюм ва сеюм маърӯза карда, зикр анмуданд, ки «Руҳи Шанхай» дар раванди шаклгирии Созмон нақши ҷиддӣ ва бунёдӣ дорад. Вижагии он дар мавҷудияти иродаи неки сиёсӣ ва хоҳиши дар ҳама сатҳҳо фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳамсоягӣ ва шароит барои ташаббус, созандагии муштарак ва ҳамкории мутақобилан судманд аст.
Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти СҲШ-ро мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият дар соҳаҳои гуногуни сиёсату иқтисодиёт, мудофиаву амният, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид ва таъйид намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони беш аз 20 муассисаи илмиву коршиносӣ ва пажӯҳишӣ аз кишварҳои ҳавзаи Созмон ширкат варзиданд.
Акс: МТС








Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






