Дар Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳод ва Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули ботафсили афкор намуда, инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқи равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалияти раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.
Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо миёни Вазорати корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд.

Вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии иштирок миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 қарор ба имзо расид.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 октябри соли ҷорӣ дар Нур — Султон баргузор мешавад.
Акс: ВКХ ҶТ










Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






