Дар Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид

Май 13, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳод ва Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули ботафсили афкор намуда, инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқи равобити амалӣ  дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалияти раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.

Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машваратҳо миёни Вазорати корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд  дода шуд.


Вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии иштирок миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 қарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ  13 октябри соли ҷорӣ дар Нур — Султон  баргузор мешавад.

 Акс: ВКХ ҶТ

Май 13, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид