Ҳамкории Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бахши Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ба Изҳороти муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд ҷиҳати тақвияти Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки дар он афзалият ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи КАТС дар Тоҷикистон баён шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
26 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Дафтари Бюрои минтақавии ТУТ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Мелита Якаб мулоқот анҷом дод, ки дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, сардорон ва мудирони шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон модели кумаки аввалияи тиббиро дар асоси равиши тибби оилавӣ қабул ва давоми даҳ соли охир барои рушд ва таҳкими ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар айни замон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи рушди КАТС дар заминаи тибби оилавӣ барои солҳои 2021-2025 амалӣ шуда истодааст, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва афзалиятноки рушди соҳа инъикос ёфтаанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан дар бахши КАТС ҳавасмандии хешро иброз намуда, изҳорот ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад






