Амороти Муттаҳидаи Арабро то интихоб шудани президенти нав сарвазир идора мекунад
ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум бинобар даргузашти президент Халифа ибни Зоид Оли Наҳён то интихоб шудани президенти нав иҷрокунандаи вазифаи президенти давлат мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» хабар дод.
«Тибқи конститутсияи Амороти Муттаҳидаи Араб, Ноиби президент, Сарвазир ва Ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум то замони дар давоми 30 рӯз ҷамъ омадани шӯрои федералӣ, ки аз ҳокимони ҳафт Аморот иборат аст, барои интихоби президенти нав иҷрокунандаи вазифаи президент мегардад», — гузориш дод шабакае, ки аз Дубай пахш мешавад.
Дар ҳамин ҳол, валиаҳди Абу-Забӣ Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, ки солҳои ахир ба далели бемории тӯлонии собиқ президент роҳбари воқеии Амороти Муттаҳидаи Араб буд, имкони бештар дорад, ки дар ин кишвар президенти интихобшуда гардад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дирӯз, 13 май, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардид, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.
13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба валиаҳди Абу-Забӣ, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






