«ҲАРАКАТИ ЭҶОДИИ НАВИСАНДАГОНИ МУОСИРИ ТОҶИК». Хонандаи шаҳри Душанбе Садафмоҳ Азимова ғолиби ин озмун гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Садафмоҳ Азимова дар даври дуюми лоиҳа-озмуни «Ҳаракати эҷодии нависандагони муосири тоҷик» ғолиб гардида, барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Москваи Русия баргузор мегардад, роҳхат ба даст овард, хабар доданд дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Тавре Садафмоҳ Азимова дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, озмун дар ду давр баргузор гардида, дар он зиёда аз 60 нафар довталабон иштирок доштанд.
Даври аввали озмун тариқи онлайн сурат гирифта, ба он олимону донишмандони шеъру адаб баҳо гузоштанд. Даври дуюми озмун дар китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гардида, дар он шахсиятҳои гуногуни ҷомеа, ки ба навиштани шеъру ҳикоя (назму наср) машғул буданд, ширкат варзиданд.
«Ман ба озмун як ҳикоя ва повести худро пешниҳод намуда, аз миёни 60 нафар довталабон, ки 4 нафарашон ғолиби даври ниҳоӣ гардиданд, ғолиб дониста шудам ва аз тарафи мутасаддиёни озмун бо сертификат (гувоҳнома), туҳфаҳо (ноутбук, китобҳои гаронарзиш, роҳхат ба шаҳри Москва) сарфароз шуда, ҳамчунин ба даври байналмилалии озмун дар шаҳри Москва роҳхат гирифтам», — гуфт Садафмоҳ Азимова.
Мақсад аз баргузории озмун- дастгирӣ ва муаррифии шоирону нависандагони ҷавон мебошад.
«Ман аз синни хурдӣ ба навиштани мақолаҳои насрӣ оғоз намуда будам. Сарчашмаи ин муваффақиятамро аз иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебинам, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Соли гузашта бо роҳбарии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, устодам Ҷамолиддин Сироҷзода ғолиби ин озмуни ҷумҳуриявӣ гардидам», -мегӯяд ӯ.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






