Қариб 50 мутахассиси соҳаи мӯд ва дӯзандагии Тоҷикистон аз давраи омӯзишӣ муваффақона гузаштанд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 50 мутахассиси соҳаи мӯд ва дӯзандагӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон давраи омӯзишии дӯзандагии «Тарроҳӣ ва дӯхти либос: пероҳанҳои мардона ва куртаҳои кӯтоҳи занона»-ро бо истифода аз технологияҳои замонавии тарроҳӣ муваффақона хатм намуданд. Ин давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) бо иштироки коршиноси ITC ва намояндаи расмии мактаби олмонии либосдӯзии «M.Müller & Sohn» дар Русия Ирина Филичкина дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC).
Давраи омӯзишӣ ҳам назария ва ҳам амалияи қолабсозиву таҳияи либос ва дӯхти онро фаро гирифт. Иштирокчиёни он қолабсозӣ ва дӯхтҳои гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ омӯхта, тарроҳиву дӯхти гуногуни куртаҳои мардонаву занонаро таҷриба карданд.
Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои зарурии андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либосҳо таълим дода шуданд. Раванди тарроҳӣ ва дӯхти либос, аз ҷумла, дӯхтани кунҷу канорҳо, хатҳои рост ва пурра такмил додани либос қадам ба қадам ба иштирокчиён нишон дода шуд.
Тренери ин давра Ирина Филичкина гуфт, ки “донишҳое, ки иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ аз бар кардаанд, ба онҳо имкон медиҳад раванди қолабсозиву либосдӯзиро замонавӣ карда, дар истеҳсоли инфиродӣ ва умумӣ истифода баранд”.
Ҳангоми дарсҳо аз усулҳои гуногуни таълимӣ, ба монанди презентатсияҳо, лексияҳо ва корҳои амалии гурӯҳиву инфиродӣ истифода шуд. Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён имконияти фавқулодае барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзӣ фароҳам овард, то онҳо баъдан ин донишҳоро ба ҳамкоронашон интиқол диҳанд.
Донишҷӯи магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва хатмкардаи ин давраи омӯзишӣ Нозанин Шарипова мегӯяд, ки “сохтани қолаби либос дар тарроҳии мӯд ва таҳияи либос марҳилаи калидист. Ин давраи омӯзишӣ ба мо имкони хуб фароҳам овард, то сохтани қолабро барои либосдӯзӣ ҳамаҷониба омӯзем”.
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба иштирокдорони он гувоҳномаи иштирок ва хатми муваффақи он супурда шуд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






