БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор имсол беш аз 20 км роҳ таъмиру таҷдид мегардад

Май 31, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор соли равон мумфарш намудани беш аз 20 километр ва таъмиру таҷдиди даҳҳо километр роҳҳои шаҳраку деҳот дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ба ин иқдоми шаҳрдорӣ соҳибкорону ҷавонмардони банангу номус ҳамраъй гардида, кӯчаҳои маҳалли зист ва берун аз онротаъмиру таҷдид ва мумфарш менамоянд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи ба номи Файзулло Абдуллоеви маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор соҳибкор Нурулло Ҳусейнов иқдом гирифтааст, ки бо фарзандонаш Дилшод ва Шоҳин Ҳусейновҳо кӯчаи мазкурро дар масофаи 1000 метр ва паҳноии 5-7 метр мумфарш намояд.

Зимни корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Файзулло Абдуллоеви маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба маҳаллаи мазкур рафта, бо иштироки пирони кор ва сокинони он дар мумфаршкунӣ ва корҳои таъмиркунии қитъаҳои роҳ иштирок намуд.


Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба соҳибкорон ва роҳсозон барои иқдоми ватандӯстона ва хайрхоҳонаашон арзи сипос намуда, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои мумфаршкунии кӯча, ки дар маркази шаҳр мавқеъ гирифтааст, тавсияву маслиҳатҳои судманд дод. Масъулин ва роҳсозон изҳор доштанд, ки мумфаршкунии роҳро дар муддати кӯтоҳ ба анҷом мерасонанд.

Саҳми соҳибкор Нурулло Ҳусейнов дар корҳои созандагиву ободонии шаҳр шоистаи таҳсин буда, дар таҷлили 3000-солагии Ҳисор, 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо бунёди биноҳои муҳташам саҳми арзанда гузоштааст. Соҳибкор бо фарзандонаш тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик роҳҳои маҳаллаи 8-ум ва қисме аз маркази шаҳракро низ аз ҳисоби худ таъмири ҷорӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 31, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд