Ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад

Май 3, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда ба  объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад. Ин матлаб дар ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.      

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иҷрои саривақтии муқаррароти қарори мазкурро барои муаррифии имконияти саёҳатии мамлакат, ҳифз, истифода ва нигоҳдории  захираҳои сайёҳии мамлакат мувофиқи таъйинот ва мақсад, таҳияи санадҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушд, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Баъд аз хулосаи дахлдори гурӯҳи корӣ ба объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар «Шиносномаи объекти сайёҳӣ ҳамчун дастоварди миллӣ» дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати мамлакат Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия шуд. Ба он объектҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва саноатӣ ворид карда шуда, бори аввал вобаста ба онҳо маълумоти муфассал таҳия гардид.

 

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ